Маҷлиси Олӣ баъди 3 моҳ барканории Насим Олимзодаро тасдиқ кард

Ҷамолиддин Абдуллозода ва Насим Олимзода

Аъзои Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо гузашти се моҳ фармони раиси ҷумҳурро дар бораи барканории вазири пешини тандурустӣ Насим Олимзода тасдиқ карданд.

Ҷаласаи якҷояи аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 6-уми август дар Душанбе баргузор шуд.

Насим Олимзода 5-уми май, баъд аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон аз мансаб ронда шуд. Он замон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Вазорати тандурустӣ ва мақомоти дигарро бештар барои он танқид мекарданд, ки чандин мавридҳои шубҳаовари марги сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт дода, мавҷудияти коронавирусро рад карданд.

Дар фармони раиси ҷумҳур гуфта мешуд, Олимзода ба кори дигар гузаштааст, вале ҳанӯз мақоми навашро эълон накардаанд.

Аъзои Маҷлиси Олӣ ба мақоми вазири нави тандурустӣ таъин шудани Ҷамолиддин Абдуллозода низ ризоят додаанд. Аммо вақте аз аъзои маҷлис пурсидаанд, ки ба вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ суоле доранд, касе чизе напурсидааст.

Ҷамолиддин Абдуллозодаи 54-сола зодаи ноҳияи Данғара аст ва то замони таъин шудан ба мансаби вазири тандурустӣ мудири бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе буд.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то кунун коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 7745 нафар сироят карда, 62 касро куштааст. Мақомот мегӯянд, беш аз шашуним ҳазор кас шифо ёфтаанд. Иттилои ғайрирасмии беморону ҷонбохтагон аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.