Ҳукумати Итолиё, яке аз кишварҳои сахт осебдида аз бемории COVID-19 баъзе аз маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси навро то моҳи сентябр тамдид кард. Бар асоси қарори нахуствазир Ҷузеппе Конте, пӯшидани ниқоб дар маконҳои умумии баст, риояти фосилагирӣ аз ҳамдигар то 7-уми сентябр ҳатмӣ хоҳад буд ва баргузории чорабинҳои бузурги оммавӣ манъ аст. Қарори мазкур рӯзи 7-уми август қабул шуд.
Ҷузеппе Конте аз мардуми кишвараш, ки то кунун 35 ҳазор нафарро аз бемории COVID-19 талаф додаанд, хост, ки эҳтиёткор бошанд. Дар Мексика, ки умедвор буданд, суръати сироят бисёр суст мешавад, баръакс бо афзудани теъдоди беморон ноумедӣ боло гирифтааст. Ҳуго Лопез-Гателл, муовини вазири тандурустии Мексика рӯзи 7-уми август гуфт, ки “ин як пандемияи дарозмуддате мешавад”.
Дар Мексика коронавирус ба 470 ҳазор нафар сироят карда ва ҷони бештар аз 51 ҳазор касро гирифтааст. Дар умум дар саросари аз бемории COVID-19 719 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар Тоҷикистон беморӣ ба бештар аз 7700 нафар сироят кардааст ва 62 нафар фавтидаанд.