Нерӯҳои амниятӣ дар Бейрут даҳҳо тазоҳургарро, ки баъди таркиши мудҳишу маргбор ба хиёбонҳо баромаданд, пароканда кардаанд. Тазоҳургарон ҳукуматро ба бемасъулиятӣ ва роҳ додан ба таркише муттаҳам мекунанд, ки 149 нафарро кушт, ҳазорон нафарро маҷрӯҳ кард. Тақрибан 300 ҳазор нафари дигар ҳоло имкони бозгашт ба хона надоранд.
Ба гуфтаи матбуоти давлатӣ, маъмурони амниятӣ шоми 6-уми август бо истифода аз гази ашковар даҳҳо эътирозгарро дар Бейрут пароканда карданд, ки ба самти онҳо санг меандохтанд. Ба навиштаи Хабаргузории Миллии Лубнон чанде аз эътирозгарон маҷруҳ шудаанд. Тазоҳурот бо сафари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ба Лубнон оғоз ёфт ва тазоҳургарон ҳукуматро ба истеъфо ва мардумро ба инқилоб даъват мекарданд.
Мақомоти Лубнон гуфтанд, ки 16 нафарро дар робита ба таркиш дар бандар дастгир кардааанд. Ҳасан Корайтем, мудири бандар низ боздошт шудааст. Бино ба тафтишоти пешакӣ, таркиши рӯзи 4-уми август дар анборе ба вуқуъ пайвастааст, ки дар онҷо 2700 тонна нурии минералии нитрати аммонийро дар шароити номуносибе нигаҳ медоштаанд. Нурии мазкур дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешавад, вале моддаи хатарноки тарканда низ ҳаст.