Донишҷӯёни коллеҷ ё омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки моҳҳо боз стипендияи худро гирифта наметавонанд. Ҳадди ақалли стипендия дар Тоҷикистон 150 сомонӣ аст.
Масъулони омӯзишгоҳ пулҳои нагирифтаи шогирдонашонро тақрибан як миллион сомонӣ ҳисоб карданд, дар раёсати молияи вилояти Хатлон онро 600 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан шаст ҳазор доллар, баршумурданд.
Қарздории мақомот аз донишҷӯён дар ҳолест, ки ҳукумат қарор кард, аз якуми сентябр мизони идрорпулиро понздаҳ дарсади дигар афзоиш медиҳад, вале маълум нест, дар замони пандемияи коронавирус ва пур нашудани буҷа онро чӣ гуна пардохт хоҳад кард.
Ҷумъахон Назарзода, мудири коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, аз моҳи январ инҷониб натавонистаанд "ҳаққи" шогирдонро бидиҳанд. "Ба сохторҳои Вазорати молия нома фиристодем, вале посухе нест. Ин бо айби идораи молияи минтақа ва идораи молияи вилоят шудааст. То имрӯз пул гирифта натавонистем", -- шарҳ дод ӯ дар охири моҳи июл дар як нишасти матбуотӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар раёсати молияи вилояти Хатлон гуфтанд, ба зудӣ бо донишҷӯёни омӯзишгоҳи тиббӣ ҳисобро баробар хоҳанд кард, аммо Ҳабибулло Раҳимов, сардори идораи молияи минтақаи Кӯлоб, гуфт, ҳалли масъала ба пур шудани буҷа вобастааст.
"Донишҷӯён ҳафтмоҳа стипендияи худро нагирифтаанд ва ин ба шашсад ҳазор сомонӣ мерасад. Сабабаш ҳам иҷро нашудани буҷаи минтақа аст. Ҳамин, ки буҷа иҷро шуд, пули донишҷӯёнро медиҳем", -- афзуд ӯ.
Мақомот моҳи феврали имсол айни чунин ваъдаро супурда буданд.
Парвина, донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, гуфт, се сол дар ин омӯзишгоҳ хонд ва ҳар дафъа бо таъхир кумаки давлатро гирифт: "Ҳар дафъа стипендияро дер медоданд, аммо аз аввали имсол пурра нагирифтем. Фақат ваъда мекунанд, ки ин ё он моҳ мешавад, вале ҳанӯз надодаанд."
Се моҳ пеш донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб низ аз мушкили дастрас нашудани ёрии давлат шикоят доштанд. Ҳоло мақомот мегӯянд, ин масъаларо ҳал кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки аз якуми сентябр дар баробари нафақаву маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ стипендияи донишҷӯёнро низ понздаҳ дарсад афзоиш медиҳад. Мақомот мегӯянд, барои ин кор дар буҷа пули кофӣ доранд ва аз қабл тарҳашро кашида буданд, вале донишҷӯён мепурсанд, ки пас чаро дар пардохти пули онҳо таъхир шудааст?