Марзбонони Қирғизистон ба ҳамтоёни узбеки худ дар боздошти ду маҳбуси фирорие кумак карданд, ки мехостанд Узбекистонро тарк кунанд.
Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, маҳбусони фирорӣ ҳангоми кушиши убур аз марз дастгир ва ба ҷониби Узбекистон таслим шудаанд.
Ҳодиса дар деҳаи Бел-Согот ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рух додааст. Ду шаҳрванди Узбекистон, 24 ва 29-сола дар натиҷаи амалиёти муштараки марзбонони қирғиз бо Вазорати умури дохилии Узбекистон дастгир шуданд.
Ҷониби Узбекистон пештар Қирғизистонро огаҳ карда буд, ки ду маҳбус аз зиндони Зангиотаи вилояти Тошканд фирор кардаанд ва эҳтимол дорад, ба он кишвар паноҳ баранд.