Дар Туркманистон ҷарима кардани сокинонро барои напӯшидани ниқоби тиббӣ оғоз карданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти туркман мегӯянд, дар ин кишвар ҳанӯз ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
"Маъмурони пулис одамони бениқобро боздошт карда, зуд ба шуъба мебаранд ва 60 манат (17 доллар) ҷарима мекунанд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи хабарнигор, аз боздоштшудаҳо ҳамчунин баёнот гирифта мешавад, ки дар оянда бидуни ниқоб ба кӯча намебароянд.
Ронандагони бениқобро ҳам дастгир карда, ба шуъбаи пулис мебаранд. Онҳоро дар ҳаҷми 50 манат ҷаримаи иловагӣ хоҳанд кард.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Туркманистон то ҳол мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале Вазорати тандурустии он кишвар ба сокинон тавсия додааст, ки ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунанд.