Рамазон Раҳимзода: То ҷасади Гулмурод Ҳалимовро набинем...

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 3-юми августи 2020

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилое, ки дастрас кардаанд, Гулмурод Ҳалимов – сардори пешини ОМОН – дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст. Рамазон Раҳимзода айни замон гуфт, то ҷасадашро набинанд, ин хабарро пурра тасдиқ карда наметавонанд.

"Аз рӯйи нишондоди дастгиршудаҳо ва ахбороти дигар ҳамроҳи аҳли оилааш дар амалиёти муштарак дар Сурия нобуд карда шудааст. Ин аз рӯйи шоҳидии шахсонест, ки дастгир шудаанд", -- гуфт вазир дар нишасти хабарии 3-юми август дар шаҳри Душанбе.

Аммо, ба қавли ӯ, "то мурдаашро набинем ва шахсияташ тасдиқ нашавад, онро пурра тасдиқ карда наметавонем."

Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи "вазири ҷанг"-и ин созмони террористӣ расид.

Аз соли 2017 ба ин сӯ дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳо нашр шудааст. Вазорати дифои Русия соли 2017 эълон кард, ки ӯ дар як ҳамла дар минтақаи Дейр-Аз-Зори Сурия “сахт захмӣ шуд”. Нашряи “Таймс” ҳамон сол дар бораи ҳалокати ӯ дар Ироқ хабар дод, вале марги ӯро ягон кишвар расман тасдиқ накардааст.

Гулмурод Ҳалимов дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор аст. Ӯ таҳти таҳрими Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад ва Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд.