Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус бо судури қароре, вакилони ин кишварро ба ҷаласаи ғайринавбатии порлумон даъват кард. Даъвати ҷаласа чанд рӯз пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад, ки қарор аст, рӯзи 9-уми август сурат бигирад.
Наталя Эйсмант, сухангӯи Лукашенко рӯзи 2-уми август гуфт, ки раиси ҷумҳур рӯзи 4-уми август дар ин ҷаласа дар ҳузури вакилони мардумӣ суханронӣ мекунад. Баъди авҷ гирифтани фишор ба раиси ҷумҳур аз тарафи рақибонаш Лукашенко ҷаласати ғайринавбатии порлумонро ба рӯзи 3-уми август таъйин кард.
Ӯ гуфт, ки ба сабаби эпидемияи коронавирус ҷаласаро, ки қарор буд, моҳи апрел баргузор шавад, ба рӯзҳои баъди гузошт. Светлана Тихановская, номзади мухолифон ба мақоми раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июл гуфт, ки ба ҳарду палатаи порлумон, Кумиссиёни марказии интихобот ва Кумитаи миллии телевизион ва радио дархост кардааст, ки ба ӯ ҳам иҷоза бидиҳанд, дар рӯзи нутқи Александр Лукашенко, ӯ ҳам суханронӣ кунад. Аммо ба эҳтимоли ғолиб ба ӯ чунин иҷозаро намедиҳанд.
Ҳафтаҳои гузашта даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус ба нишони ҳимоят аз ӯ ва мухолифи Александр Лукашенко эътироз карданд. Дар умум, Шӯрои Миллӣ ва ё порлумони Беларус салоҳиятҳои зиёде надорад ва ҳамаи қудрат дар дасти ҳукумати Александр Лукашенко аст, ки аз соли 1994 аз замони ба даст овардани истиқлол, раиси ҷумҳури Беларус аст. Мухолифат ба ӯ, ки номзадиашро бори шашум аст, ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад, рӯ ба афзоиш овардааст .