Дар Қазоқистон дар як рӯз аз COVID-19 ва илтиҳоби шуш 55 кас фавтидааст

Яке аз марказҳои ташхис дар шаҳри Алмато.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой 3 август дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 2 август дар он кишвар 798 ҳолати мубталошавӣ ба илтиҳоби шуши коронавирусӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумори умумии ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус ё COVID-19 дар Қазоқистон ба 1058 расид. Дар давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 34 кас аз коронавирус ва 21 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидааст.

Сой дар посух ба рӯзноманигорон иддао дар бораи онро рад кард, ки гӯё мақомоти қазоқ маълумоти воқеӣ дар бораи ҳамагир шудани коронавирусро аз сокинон пинҳон мекунанд.

"Мо ҳамаи ҳолатҳои илтиҳоби шушро нишон медиҳем. Инҷо ягон пинҳонкорӣ нест. Ин рақамҳо воқеӣ ва барои сокинон дастрасанд. Ҳамаи омори беморонро дорем",-афзуд вай.

Вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, шумораи мубталоён ба коронавирус барои он афзоиш меёбад, ки онҳо санҷиши сокинон аз вирусро бештар кардаанд.

Бино ба омори расмӣ, дар ин кишвар дар маҷмӯъ 92 662 кас ба коронавирус мубтало шудааст, ки 67,5 дарсади онҳо аллакай шифо ёфтаанд