"Миллатгароӣ" ва ваксина: Ҳар кишвар дар фикри худ аст?

Акс аз бойгонӣ

Кишварҳои ҷаҳон барои соҳиб шудан ба ваксинаи зидди COVID-19 талош доранд ва гоҳе чунин ба назар мерасад, ки дар ин «мусобиқа», ба истилоҳ, якдигарро «мехӯранд». Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, ниҳодҳои беҳдоштии байнулмилалӣ мегӯянд, бояд як низоми муайяни дастрасии баробар ба ваксинаи зидди коронавирус эҷод шавад. Ин созмонҳо ба кишварҳои сарватманде, ки талош доранд якҷониба ҳаракат кардаву барои худ маводи заруриро пурра таъмин намоянд, бо таассуф менигаранд.

Аз ҳоло маълум шудааст, ки Амрикову Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо бо ширкатҳои тиббии Pfizer, BioNtech, AstraZeneca ва Moderna созиш карда, ба қавли таҳлилгарон талошҳои муттаҳидаи ҷаҳонӣ барои дастёбии муштарак ба даворо ба ҳам бизананд.

Сет Беркли, раҳбари иттиҳодияи GAVI аст, ки барномаеро бо номи COVAX пеш мебарад ва ҳадафи он муташаккил ва муттаҳид кардани талошҳо барои дастрасӣ ба ваксинаи зидди COVID-19 мебошад. Ӯ мегӯяд, "ҳар касе, ки созишномаҳои дуҷониба мебандад (бояд бидонад), ки ин роҳи муассири пешрафт дар ин вазъият нест".

Ширкати Pfizer ҳафтаи ҷорӣ гуфт, бо Иттиҳоди Аврупо ва чанд кишвари узви он дар заминаи таъмини онҳо бо ваксинаи эҳтимолӣ созиш кардааст. Дар як иқдоми ахир Бритониё эълон кард, ки бо GlaxoSmithKline ва Sanofi ба хотири дастёбӣ ба ваксинаи эҳтимолии зидди COVID-19 қарордод имзо намудааст.

Созмони хайрияи беҳдоштии “Табибони бидуни марз” (MSF) дар як изҳороте гуфтааст, ин вазъият боис ба он мешавад, ки кишварҳои сарватманд барои ҷамъоварии ҳарчи бештари ваксина дастдароз ва боис ба эҷоди “тамоюли миллатгароӣ дар дастрасӣ ба ваксина” хоҳанд шуд.

Чунин андешаҳо бебунёд нест. Солҳои 2009-2010 замони пайдо шудани вируси зукоми навъи H1N1 кишварҳои сарватманд тамоми ваксинаҳои дастрас дар он замонро харида, кишварҳои нодорро дар канор гузоштанд. Вале азбаски вируси H1N1 то андозае сабук буду пандемия дар ниҳоят хотима ёфт, камбуди ваксинаи зидди ин вирус ва набуди тавозун дар дастрасӣ ба он зиёд эҳсос нашуд.

Бемории COVID-19 чизи дигар аст ва таҳдиди ба маротиб ҷиддитар дорад ва ба қавли коршиносон, дастрасии нобаробар ба ваксина метавонад таъсири харобиовар дошта бошад.

Гайле Смит, раиси пешини USAID ва ҳоло мудири кулли созмоне бо номи One Campaign аст, ки бо бенавоиву фақр мубориза мебарад. Ӯ мегӯяд, "хатар дар ин аст, ки баъзе аз кишварҳо ҳамон кореро мекунанд, ки мо метарсидем, яъне ҳар кас барои худаш аст".

“МАН НИГАРОН ҲАСТАМ”

Дар саросари сайёра то ҳол 75 кишвари сарватмандтарини ҷаҳон, аз ҷумла Бритониё ба барномаи COVAX таваҷҷуҳ кардаанд. Ин барнома аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Эътилофи омодагӣ ба ташаббусҳои зиддиэпидемиологӣ (CEPI) эҷод шудааст ва ба он 90 кишвари нисбатан нодор шомил мешаванд. Дар миёни кишварҳое, ки ба ин барнома таваҷҷуҳ накарданд, Амрико, Чин ва Русия мебошанд.

Як манбаъ дар Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта гуфт, ки Кумисюни Аврупо, ки бахши иҷроияи ин ниҳод аст ва бо дорусозон музокирот мебарад, ба кишварҳои ИА машварат додааст, тавассути COVAX ваксинаҳои зидди COVID-19-ро харидорӣ накунанд.

Томас Болликӣ, раиси барномаи ҷаҳонии беҳдоштӣ дар Шӯрои равобити хориҷӣ мегӯяд, “ман нигарон ҳастам”. Ӯ гуфт: “Он чи ки бо гурӯҳе аз кишварҳо мегузарад, ин аст, ки онҳо таъминоти ваксинаро маҳдуд карда, бо созишномаҳои бисёрҷониба дар рақобат қарор гирифтаанд”.

“Дар ниҳояти амр истеҳсоли ваксина кори беҳудуд нест. Шумо танҳо то андозае метавонед онро тавсеа бахшед”, -- афзуд ӯ.

Коршиносон мегӯянд, дар сурати исботи муассир будани озмоишҳои ваксина, дар беҳтарин ҳолат то охири соли оянда тахминан 2 миллиард ваксинаи дурусти зидди COVID-19 ба даст меояд. Ҳадафи COVAX ин аст, ки ваксинаҳоро дар ҳадди ақал 20 дар сади кишварҳои ба ин барнома ҳамроҳшуда тақсим бикунад.

ДУ СОЛИ ДИГАР?

Сет Беркли аз созмони GAVI мегӯяд, кишварҳои «худхоҳ» бар ивази тақсими дору дар кишвару минтақаҳои фавқулода осебдидаву ниёзманд онро барои танҳо аҳолии худ нигаҳ медоранд ва ин ҳолат наметавонад назорат аз болои пандемияро таъмин бикунад. Беркли гуфт, "агар талош бикунед, ки, масалан, тамоми Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро бо ду ваксина таъмин кунед, ин тахминан 1,7 миллиард адад мешавад. Ин тамоми доруворест, ки дар даст аст ва ба дигарон намерасад”.

Ӯ гуфт, агар аз 30 то 40 кишвар ба ваксина дастрасӣ дошта бошанду 150 давлати дигар надоранд, эпидемия дар ҳамон ҷо авҷ мегирад.

Дар ниҳоят, ба қавли ӯ, "ин вазъият гуё роҳҳалле надорад. То замоне ки суръати пандемия кам нашавад, шумо наметавонед тиҷорат, туризм, сафар, харидуфурӯшро ба роҳ монед”.

Ин таҳлилгарон мегӯянд, хатми пандемия ба маънои хатми он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!