Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастурамали ташхис ва табобати гирифторони COVID-19-ро омода кардааст. Масъулони вазорат гуфтанд, духтурон ҳангоми табобати беморон бояд мувофиқи он амал кунанд ва истифодаи доруҳои дигар дуруст нест. Вале бархе аз маризон мегӯянд, мунтазири ташхису машварати пизишкон наистода, ба худдармонӣ оғоз кардаанд. Ва гӯё ҳатто комёб низ гаштаанд.
Сардухтури бемористони марказии ноҳияи Рашт, шарқи Тоҷикистон, иддао дорад, ки барои муолиҷаи худ аз COVID-19 аз доруе барои дармони бемории шуши бузҳо истифода кард ва шифо ёфт. Вазорати тандурустӣ ин изҳороти сарпизишки ноҳияро шарҳ надод, дар ҳоле ки он метавонад, шаҳрвандони зиёдеро ба пайравӣ кашонад.
Радиои Озодӣ ба далели он ки фоидаи ин дору исбот нашудааст ва корбурди он метавонад, натиҷаҳои вазнин дошта бошад, аз нашри номи он худдорӣ меварзад.
Қобилҷон Гиёев, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Рашт, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз муолиҷаи як корманди ҳукумати ноҳия, ки аз Душанбе баргашта буд, ӯ низ ба коронавирус гирифтор шуд: "Он касро дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ кардам. Духтурон гурехтанд. Шаш рӯз табобат кардам ва худам низ оҳиста-оҳиста бемор шудам ва нишонаҳои короновирус дар ман пайдо шуд", - нақл кард ӯ.
Гиёев мегӯяд, соат ба соат вазъи саломатиаш бадтар шуд, то ҳадде, ки умедро аз зиндагӣ канд ва биноии чашмаш хеле суст шуд. Идомаи беморӣ қиссаи беморӣ ва шифо ёфтанаш аз доруи ҳайвонотро ӯ чунин нақл кард: "Хӯрдани доруҳои маъмулиро сар кардам, ёрӣ накард. Вазъиятам вазнин мешуд. Дамам набаромад, нафасам гирифт, қафаси синаамро пахш кард. Сулфа пайдо шуд, арақ кардам, табам ба 41 дараҷа расид. Бисёр китобҳоро хондам, аз Интернет маълумот ҷустам ва мушаххас кардам, ки бемории мо ба пневмонияи бузғолаҳо монанд аст. Ҳамин дору ба ёдам омад, таркибашро хондам, мисли дору барои одамон аст. Аз дорухонаи байторӣ дастрас ва истифода кардам."
Гиеёв мегӯяд, вақте як миллилитр ба баданаш ворид карданд, ҳеч вокунише надод ва тадриҷан то 9 миллилитрро истифода бурд. "Ман соати 8-и бегоҳ доруро қабул кардам ва то соати 2-и шаб ҳолатам хеле хуб шуд. Хурсанд шудам", - афзуд ӯ.
Баъд аз шифо ёфтани Гиеёв, хабари давобахш будани ин дору ба дигар беморони шифохона мерасад. Сардухтур мегӯяд, бо ризоияти худи беморон чаҳор нафари дигар ҳам аз ин дору истифода бурданд ва "саломатиашон ҳоло хеле беҳтар шудааст".
Доруе, ки аз он Гиёев истифода кардааст, дар Ҳолланд истеҳсол шудааст ва барои давои бемориҳои роҳҳои нафаси чорвои калон ва хурд истифода мешавад ва дар таркибаш стрептомитсин дорад. Ин дору дар феҳрасти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ сабт шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бора иттилое надорад ва барои муолиҷа аз COVID-19 дастурамали махсус омода кардааст, ки табибон бояд бар пояи он амал кунанд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "вазорат 13-уми апрел дастурамали муваққатӣ “Оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ – COVID-19”-ро тасдиқ кардааст ва ин санад ба духтурон фиристода шудааст".
Дар ин дастурамал стрептомитсин ва ё он доруи байторӣ, ки сардухтур дар Рашт истифода кардааст, зикр нашудааст. Дар дастуруламали вазорат номи доруҳое ба мисли “Делагил”, “Арбидол”, “Рибаверин”, “Левофлоксатсин”, “Сефтриаксон” барои табобат тавсия шудаанд.
Пизишкон таъкид мекунанд, ки худсарона бе дорухати духтур истифода кардани ин мавод қатъиян манъ аст ва дар сурати истифода шахс метавонад ба саломатии худ осеби ҷуброннопазир расонад.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дод, ки бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ба тамоми бемористонҳо доруи “Гидрохлорохин” дастрас карда шуд. Ин дору то кунун барои муолиҷаи табларза ва ё малярия истифода мешуд, аммо муфид будани он барои давои COVID-19 то ба охир исбот нашудааст.
Дар зимн, “гидрохлорохин” низ дар дастурамали таҳиякардаи Вазорати тандурустӣ ҳамчун давои бемории COVID-19 зикр нашудааст.
Олимону пажуҳишгарон дар саросари олам барои дарёфти дармони COVID-19 ва ҳам ваксина ё эми зидди он шабонарӯзӣ талош мекунанд. Барои ин ҳукуматҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва афроди сарватманд садҳо миллион доллар ҷудо кардаанд, вале то ҳол хушхабари боварбахше дар мавриди кашф шудани дору ё эм нарасидааст. Як зодаи Тоҷикистон, донишманди тоҷики муқими Лондон Бобоҷон Назаров дар садри як тими тадқиқотӣ ошкор кардааст, ки дар сурати озмоишҳои муваффақиятомез метавонад, барои дармони миллионҳо мардум дар сайёра кӯмак кунад. Вале таҷрибаҳои ӯ ҳанӯз ба поён нарасидаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфтааст, мехоҳад, ба ватанаш Тоҷикистон кумак кунад.
То рӯзи 6-уми май, ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 379 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 8 кас аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Аммо коршиносон ба ин омор ба шубҳа менигаранд ва мегӯянд, эҳтимол дорад шумори беморон ва фавтидагон аз ин бештар бошад. Мақомот гуруҳи бузурги маризонро дар бемористонҳои кишвар гирифторони илтиҳоби шуш ном мебаранд.