ТАСС: Эҳтимол Русия аз 11 август парвозҳои байнулмилалиро пурра барқарор кунад

Мақомоти Русия имкони оғози парвозҳои маъмулиро аз 11-уми август ба тамоми кишварҳо баррасӣ доранд, аммо ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 1-уми август бо такя ба ду манбааш дар ниҳодҳои Русия хабар додааст.

Мавзӯи барқарор шудани парвозҳо дар ҷаласае бо иштироки муовини нахуствазири Русия Татяна Голикова баррасӣ шудааст. Аз якуми август Русия парвозҳои мустақими байнулмилалиро бо Туркия, Танзания ва Бритониё барқарор кард. Ҳамчунин марзи ин кишвар бо Абхазистон кушода шуд.

Чанд рӯз пеш Денис Микерин, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибае ба радиои "Комсомолькая правда" гуфт, Русия рӯзҳои наздик номгӯйи кишварҳоеро, ки бо онҳо парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ барқарор карданист, эълон хоҳад кард. Ҳамчунин ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус чанде пеш эълон кард, ки ҳоло масъалаи васеъ кардани феҳрасти кишварҳое дар баррасӣ аст, ки иҷозаи парвоз бо Русияро ба даст меоранд.

Русия дар пайи пандемияи коронавирус дар охирҳои моҳи март парвозҳои маъмулии ҳавопаймҳоро қатъ кард. Қатъ шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия буҳрони бесобиқаи нақлиётиро ба вуҷуд овард. Садҳо муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дармонданд.

Тоҷикистон барои бозгардонии шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил кард, аммо он барои ҳама хоҳишмандон кофӣ нест.

Ҳоло даҳҳо нафар дар интизори оғози парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия ҳастанд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар бо ин суол ба Радиои Озодӣ ҳам муроҷиат мекунанд.

Раҳбари идораи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, "Росавиатсия" ба Душанбе аз омодагии худ барои оғози парвозҳои байналмиллалӣ миёни ин ду кишвар хабар додааст. "Мо ҳам омодагии худро барои барқарор кардани парвозҳо иброз доштем ва таъкид кардем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдорӣ парвозҳоро анҷом хоҳанд дод", -- афзуд Субҳонзода.