Хоманеӣ имкони музокирот бо ИМА дар заминаи барномаи ҳастаиро рад кард

31 июл, Хоманеӣ

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ имкони музокирот бо Вашингтон дар масъалаи барномаи ҳастаиву силоҳҳои баллистикии Теҳронро рад карда ИМА-ро “душмани асосии Эрон” номид. Хоманеӣ рӯзи 31 июл дар як изҳороти мустақими телевизионӣ гуфт, “таҳримҳои дағалонаи Амрико болои Эрон бо ҳадафи баҳам задани иқтисоди мо ҷорӣ мешавад... Ҳадафи онҳо кам кардани нуфузи мо дар минтақа ва аз байн бурдани имкониятҳои мушакиву ҳастаии мо мебошад”. Ӯ афзуд, ки “такя ба имкониятҳои дохилӣ ва коҳиши вобастагӣ аз содироти нафт барои муқобила бо фишорҳои Амрико мусоидат мекунад”. Равобити Вашингтону Теҳрон баъди дар соли 2018 аз созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун шудани ИМА ва дубора ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳоли таниш мебошад. Ин созиш соли 2015 аз ҷониби президент Барак Обама имзо шуда буд.