Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе мавзӯи эҳтимоли таъхир дар интихоботи президентии моҳи ноябрро матраҳ кард, ҳарчад санаи баргузории интихобот дар конститутсияи ИМА мушаххас шудааст. Хабаргузории Ройтерс менависад, Трамп, бидуни овардани далел, бо зикри ин ки овоздиҳӣ метвонад бо тақаллуб гузарад, мавзӯи дар таърихи дигар барпо шудани интихоботро матраҳ кард ва навишт: “интихоботро то замони овоздиҳии дуруст, амн ва безарари мардум ба таъхир гузорем???”
Бархе иёлот дар Амрико ҷараёни овоздиҳии соддатари фосилавиро ҷорӣ карданд, ки ба назари Трамп роҳро барои тақаллуб боз мекунад. Нашрияи The New York Times гуфт, ки Кохи Сафед ҳақи қонунии тағйир додани санаи интихоботро надорад ва то ҳол дар ин замина изҳори назар ҳам накардааст. Изҳороти Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки натиҷаҳои назарпурсии ахир дар кишвар дар бораи поинравии мизони маҳбубияти президент дарак медиҳад. Ҷо Байден, рақиби демократи Трмп аллакай ба овоздиҳӣ омодагӣ мебинад ва аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимоли дахолати Трамп ба овоздиҳӣ вуҷуд дорад.