Дар Узбекистон 234 ҳолати мубталошавии занони ҳомила ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Барно Абдусамадова, як масъули Вазорати тандурустии Узбекистон дар суҳбат бо телевизиони "Узбекистон-24" гуфт, 120 нафари ин занон шифо ёфтаанд. Ҷамъан дар ин кишвар 2500 зани ҳомила зери назорати табибон қарор доранд.
Абдусамадова шумори умумии занони ҳомилаеро, ки бар асари коронавирус ҷон бохтаанд нагуфт. Вале изҳор дошт, ки теъдоди фавтидаҳо дар миёни занони мазкур 2,9 дарсад (7 нафар)-ро ташкил медиҳад.
"Асосан он занони ҳомилае фавтиданд, ки бемориҳои дигар, аз қабили касалиҳои дилу роҳҳои нафас доштанд. Бар асоси пажӯҳиши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ ягон зани ҳомила маҳз бар асари коронавирус ҷон набохтааст", - афзуд ӯ.
Пештар Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд давоми 4 рӯз панҷ зани ҳомила аз коронавирус фавтидааст. Дар бораи ҳалокати як зани ҳомилаи дигар бар асари вирус дар шаҳри Қаршии Қашқадарё низ хабарҳо нашр шуд.