Минск: шаҳрвандони боздоштшудаи Русия дар ташкили "амалҳои террористӣ" гумонбар мешаванд

ТВ-и давлатии Беларус амалиёти боздошти шаҳрвандони Русияро шоми 29 июл намоиш дод

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков изҳори умедворӣ кард, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда дар Беларус риоя мешавад. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз иттилои пурра дар бораи ин қазияро дар даст надоранд, вале сафорати Русия дар Минск бо вазорати хориҷаи Беларус дар амри мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодиса кор мебарад.

Сергей Равков, дабири шӯрои амнияти Беларус рӯзи 30 июл ба хабарнигорон дар Минск гуфт, ки дар нисбати шаҳрвандони боздоштшудаи Русия бар асоси моддаи "омодагӣ ба амалҳои террористӣ" парванда боз шудааст. Матбуоти давлатии Беларус ин нафаронро "ҷангҷӯёни гурӯҳи "Вагнер" ном мебаранд.

Равков дар мулоқоте бо номзадҳои интихоботи президентӣ дар Кумитаи марказии интихоботи Беларус рӯзи панҷшанбе аз эҳтимоли "иғво" дар ҷараёни таҷаммӯъҳои мардуми зиёд огоҳ кард. Ин мулоқот ба таври изтирорӣ ташкил шуд. Дар нишасти матбуотӣ Равков гуфт, ки 33 шаҳрванди боздоштшудаи Русия ба саволҳо тафтишот посух медиҳанд. боқимонда 170 нафарашонро дар саросари Беларус ҷустуҷӯ мекунанд. "Ин мисли сӯзан дар коҳ аст", гуфт Равков.

Мақомоти Беларус мегӯянд, ки рӯзи 29 июл 32 узви ширкати низомии хусусии русии “Вагнер”-ро боздошт карданд, ки гӯё дар фикри “бесубот кардани” вазъи Беларус дар остонаи интихоботи президентии 9 августи ин кишвар буд. Оҷонсии давлатии BelTA рӯзи 29 июл гуфт, ки 32 узви хориҷии Гурӯҳи “Вагнер” дар як осоишгоҳи наздикиҳои Минск баъди он боздошт шуданд, ки мақомот дар бораи ба Беларус “бо ҳадафи бесубот кардани вазъи ин кишвар” ворид шудани беш аз 200 узви шартномавии ширкат аз ҳисоби шаҳрвандони Русия хабаре дарёфт карданд. Каме баъдтар мақомот дар бораи боздошти нафари 33-юм хабар дода гуфт, ки ҳамаи ин нафарон 24 то 55-сола буданд. Президент Александр Лукашенко Русияро дар “ниятҳои ифлос” гунаҳгор кард ва аз раиси КГБ-и кишвар Валер Вакулчук тақозо кард, ки қазияро таҳқиқ кунад. Ӯ шоми 29 июл гуфт:

“Мо бояд ба матбуоти русӣ, аз ҷумла ба “Телеграм”-каналҳо муроҷит кунем, то ки онҳо, тавре Путин мегӯяд, ҳарзагӯӣ накунанд. Агар гунаҳгор бошанд, аз ин ҳолат бояд ба таври шоиста берун шаванд, гунаҳгор набошанд, хеле хуб: мо ҳеҷ мақсади сиёҳ кардани кишвари ба мо наздикро надорем”.

Сафорати Русия дар Минск гуфт, ки дар бораи боздошти шаҳрвандонаш огаҳӣ дарёфт кардааст. Вазорати хориҷаи Беларус гуфт, ки барои сӯҳбат сафирони Русия ва Украинаро даъват кардааст.

Гурӯҳи “Вагнер” як созмони ниманизомии русӣ буда, бовар меравад, ки раҳбарии онро Евгений Пригожин, як соҳибкори бонуфузи наздик ба президент Владимир Путин ба ӯҳда дорад. Маскаву Минск муттафиқони наздики сиёсиву иқтисодӣ мебошанд, вале Лукашенко чандин бор Русияро дар талоши ба ҳам задани истиқлолияти ин кишвар гунаҳгор кардааст.