Ҳабси писари сарвазири пешини Доғистон барои куштори донишҷӯдухтари қазоқ

Жанна Ахметова, донишҷӯдухтари қазоқ.

Додгоҳе дар шаҳри Москва писари раиси пешини ҳукумати Доғистон Мухтор Маҷидов Муртузалиро ду моҳ ҳабс кард. Ӯ дар куштори донишҷӯдухтари қазоқ Томирис Байсафӣ айбдор мешавад.

Модари донишҷӯдухтар Жанна Ахметова дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, маъмурияти президенти Русия ва раиси Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин барои ҳабси ҷавони доғистонӣ миннатдорӣ баён кард.

"Президенти мо нишон дод, ки дар ин дунё на ҳама чизро мешавад харид ё барои қонуншиканӣ ҷавоб нагуфт. Вақте шахси рақами яки кишвар ба дархости шаҳрванди одӣ ин гуна вокуниш нишон медиҳад, ӯ сазовори эҳтиром аст", - навиштааст Ахметова.

Томирис Байсафаи 21-сола субҳи 3 майи соли 2018 дар беморхонаи ёрии таъҷилии ба номи Склифосовскийи Москва ҷон бохт. Ӯ 13 апрели ҳамон сол, баъди афтидан аз ошёнаи чоруми бинои донишгоҳи шаҳри Москва бистарӣ шуда буд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Расонидан ба худкушӣ" парванда боз кард. Дар доираи он писари раиси пешини ҳукумати Доғистон Маҷидови он замон 22-сола бозпурсӣ шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, Маҷидов пеш аз рух додани ҳодиса бо донишҷӯдухтари қазоқ дар синфхона буд.