Қамчинбек, Шамил ва Шумқор номҳои "ғайримеъёрӣ" дар Тоҷикистон эълон шуд

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба беш аз 200 падару модар иҷоза надодааст, ки ба кӯдаконашон Қамчинбек, Сензора, Шумқор ва Имран ном гузоранд.

Масъулони Кумита гуфтанд, номҳои пешниҳодкардаи волидон "ғайримеъёрӣ" буда, "ба суннатҳои номгузорӣ дар Тоҷикистон мувофиқат намекунад".

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 29-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, "волидон мехостанд, ба кӯдакон Изабелла, Сензора, Шамил, Наина, Чарос ва Сунаввар низ ном гузоранд, аммо комиссияи номгузорӣ барои ворид кардани ин номҳо ба феҳрасти номҳои миллии тоҷикӣ иҷоза надод".

Айни замон комиссия 217 номи дигари пешниҳодиро дастгирӣ кардааст, ки Моҳпайкар, Фаррухзод, Абру, Бобуна, Гуласал, Дилошӯб, Моҳистон, Зебосанам ва Исоназар аз ҷумлаи онҳост.

Гурӯҳи мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар соли 2015 "Феҳрасти ягонаи номҳои миллӣ"-ро омода кардаанд, ки дар он ба гуфтаи масъулини ниҳод сирф номҳои миллӣ ва таърихиву соддаро ҷамъоварӣ кардаанд. Китоб ҳар сол бо номҳои нав нашр мешавад. Муаллифони феҳристи номҳои миллӣ қаблан гуфта буданд, мардум ҳатман бояд бар пояи ҳамин феҳрист ба фарзандони худ ном интихоб кунанд.

Барои гузоштани номе берун аз ин феҳраст ба кӯдакон, волидон бояд аз Кумитаи забон ва истилоҳот иҷоза бигиранд. Вале ба як феҳраст маҳдуд кардани интихоби ном ва номгузориро бархе аз сокинон як навъ маҳдуд кардани ҳаққи худ медонанд.