Маркази ҳомии ҳуқуқи инсон “Весна” дар Минск мегӯяд, ки дар чаҳорчӯби парвадаи ҷиноии марбут ба ҳаводиси 14 июл дар Минск 13 нафар боздошт шудаанд. Ин созмон гуфт, ки баъди боздошти ин нафарон ходимони ҳифзи қонун эътирозгарони дигарро, ки аз радди сабтиноми Виктор Бабарика ва Валерий Тсапкала ба ҳайси номзадҳои интихоботӣ норозӣ буданд, пароканда карданд. Нисбати боздоштшудаҳо аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, яъне “мухолифат ба корманди полис”, “хушунат дар нисбати корманди полис” ва “ширкат дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” парванда боз шудааст. Ба навиштаи сайти Беларусии Радиои Озодӣ, боздошти охирин нафар аз ин 13 нафар рӯзи 29 июл сурат гирифт. Ахиран созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар гуфтанд, ки дар маҷмӯъ дар Беларус шурӯъ аз замони маъракаи интихоботӣ 1140 нафар боздошт шуда, аз онҳо 190 нафар ҳабс ва 333 нафар ба пардохти ҷарима маҳкум шуданд.
Рӯзи чоршанбе Вероника Тсапкала, ҳамсари номзади сабтиномнашуда Валерий Тсапкала дар сӯҳбат бо радиои “Эхо Москвы” гуфт, ки бо сабаби набуди марз миёни Беларус ва Русия ҳамсараш маҷбур шуд фарзандонро гирифта ба Русия биравад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки президент Владимир Путин ҳамсарашро истирдод намекунад. Аз ин пеш Валерий Тсапкала, собиқ сафири Беларус дар ИМА, ба “Евронюс” гуфт, мақомот таҳдид карданд, ки фарзандашро ба муассисаи давлатӣ ҷой дода ӯро боздошт мекунанд. Ӯ гуфт, ки даъвои номзади президентӣ карданаш сабаби фишор шудааст. Вероника Тсапкала дар ин муддат дар Беларус монда дар маъракаи таблиғи номзади дигари интихоботи президентӣ Светлана Тихановская фаъолона иштирок мекунад. Тихановская, ки тавонистааст мардуми зиёдро дар саросари кишвар ба хиёбонҳо барорад, аз ин пеш фарзандону модарашро ба як кишвари Аврупо фиристод, то, ба гуфтааш, аз таҳдиду хатар эмин бошанд. Тихановская яке аз номзадҳои муҳими мухолифи Лукашенко дар интихобот ба ҳисоб меравад.
Интихоботи президентии Беларус рӯзи 9 август баргузор мешавад ва президенти амалкунанда Александр Лукашенко бори шашум дар ин маърака иштирок мекунад. Мухолифону мунаққидон мегӯянд, ки Лукашенко тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод, то ки аз роҳҳои тақаллубу хилофкориҳои натиҷаҳои интихобот қудратро ҳифз кунад.