Global Witness: Соли гузашта 212 ҳомии муҳити зист кушта шуд

Корхонаи саноатии "Казахмыса". Акс аз созмони Global Witness

Global Witness – як созмони байналмилали ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки соли гузашта дар ҷаҳон дастикам 212 фаъоли муҳити зист кушта шуд ва ин омор баландтарин дар муқоиса бо солҳои аз ин пеш мебошад. Ин созмон дар гузориши наваш аз 29 июл гуфт, ки ба ҳисоби миёна аз декабри соли 2015, замони қабули аҳдномаи муҳитзистии Париж, ҳар ҳафта чор эколог кушта шудааст. Нисфи ин омор ба Колумбия ва Филиппин рабт дошта, баъди ин кишварҳо Бразилия, Мексика, Гондурас ва Гватемала қарор доранд. Тахминан 40 дарсади қурбониҳоро мардуми бумӣ ташкил медиҳанд ва беш аз 70 дарсади онҳо дар Амрикои Лотинӣ кушта шудаанд. Аз ҳар даҳ каси кушташуда як нафарашон зан будааст. Масалан, дар Филлиппин 14 деҳқон дар майдонҳои истеҳсоли шакар ва дар Руминия – як нафар ба ҳангоми ҳимоят аз буриши ҷангал кушта шудаанд. Созмони Global Witness мегӯяд, дар ҳоле, ки мо барои ҳифзи ҳарчи бештари сайёра аз саноати харобкоронаи гази карбон ниёз дорем, ҳомиёни замин ва муҳити зист кушта мешаванд.