Парлумони Туркия қонуни назораткунандаи шабакаҳои иҷтимоиро қабул кард

Дар таблиғоте дар кӯчаи Истамбул омадааст: "Биё, Туркия, бори дигар. Ба Еникапи биё". Акс аз соли 2014, замоне, ки дар Туркия Twitter масдуд шуд

Рӯзи 29 июл парлумони Туркия қонунеро қабул кард, ки кори шабакаҳои иҷтимоии мисли Twitter ва Facebook-ро танзим ва онҳоро водор мекунад, ки бо шароити сахт мутобиқат кунанд ваё дар муқобили ҷарима қарор мегиранд. Бар асоси ин қонун, шабакаҳо бояд дафтари намояндагии худро дар хоки Туркия боз кунанд, то ки ба шикоят дар заминаи мӯҳтавои шабакҳои иҷтимоӣ расидагӣ шавад. Агар ширкатҳо намояндагиҳои худро бо як раҳбаре аз ҳисоби шаҳрвандони Туркия боз накунанд, ин ҳолат боиси ҷаримабандӣ, манъи пахши таблиғот ва то 90 дарсад кам шудани дастрасӣ ба шабакаҳоро дар пай хоҳад дошт. Инчунин, қонунгузории нав аз провайдерҳои шабакаҳои иҷтимоӣ тақозо мекунад, ки бойгонӣ ё иттилоъ дар бораи корбаронро дар Туркия маҳфуз доранд, то ки додситонҳову мақомот ба ин иттилоъ дастрасӣ дошта бошанд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомот хостанд, ки ин қонунро қабул накунанд, чунки он боиси сензура дар интернет мешавад ва аз худи ширкатҳои мисли Google талаб карданд, ки ин қонунро рад кунанд. Ҳукумати президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтааст, ки қонуни нав барои муқобила бо ҷиноятҳои интернетӣ ва ҳимояти ҳуқуқи корбарон зарур аст. Эрдуғон, ки қабули ин қонунро тақозо мекард, ба назорати пойгоҳҳои иҷтимоӣ ва муқобила бо рафтори ғайриахлоқӣ даъват кардааст. Мухолифони ҳукумат гуфтанд, ки ин қонун дар кишваре, ки матбуоти мустақил таҳти назорати давлат буда даҳҳо журналист дар зиндон ҳастанд, озодии баёнро аз гузашта бештар маҳдуд мекунад. Дар Туркия беш аз 400 вебсайт масдуд мебошад.