Роҳбари Straus House-ро дар Узбекистон 9 сол зиндонӣ карданд

Муассиси ширкати Straus House Иброҳим Исроилов.

Муассиси ширкати Straus House Иброҳим Исроилов.

Дар додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон баррасии парвандаи муассис ва дигар масъулони ширкати Straus House ба поён расид.

Ин ширкат ба воридсозии шутурмурғ аз Африқо машғул буд. Додгоҳ муассиси ширкат Иброҳим Исроиловро 9 сол зиндонӣ кард. Мудири ширкат Абдулло Махмуталиев 7 сол, муовини мудир Дилшод Қутбиддинов 8 солу 5 моҳ зиндонӣ шуданд. Муҳосиби ин ширкат низ аз сӯи додгоҳ 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Ширкати Straus House аз қитъаи Африқо чӯҷаи шутурмурғ ворид карда, ба сокинони Узбекистон мефурӯхт. Ширкат ба харидорони чӯҷаи шутурмурғ ваъда медод, ки чуҷаҳоро баъди 12-14 моҳ дубора харидорӣ хоҳад кард. Ба ҷуз ин, ширкат ба муштариҳои худ ваъда медод, ки тарзи парвариш ва нигаҳдории шутурмурғро меомӯзонад.

Аммо ширкат бо гузашти вақт ваъдаҳои худро иҷро накарда, ба шаҳрвандон зиён расонидааст. Дар натиҷа бештар аз 300 шаҳрванди зарардида ба ҳукумат муроҷиат карданд.