Пешгӯии то 50% кам шудани сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Густариши бемории COVID-19 дар ҷаҳон вуруди сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз идомаи вазъи буҳронии коронавирус нигарон аст ва эҳтимоли то 50 дарсад кам шудани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад.