Украина ҷудоиталабонро дар нақзи паймони оташбас гунаҳгор кард

Девори тирхӯрдаи Катерина Извековаи 77-сола аз Донетск як намунаи хисорот аз ҷанги шашсола дар шарқи Украина мебошад

Низомиёни украинӣ гуфтанд, ки ҷудоиталабони рӯ ба Русия баъди фурсати кӯтоҳи ҷорӣ шудани оташбас дар шарқи Украина ин муқарраротро вайрон карданд, вале ҷангҷӯён иттиҳомро рад мекунанд. Баъди як мувофиқаи ҳафтаи пеши музокиракунандагон аз Украина, Русия ва САҲА дирӯз дар Украина оташбас ҷорӣ шуд. Вале бо ин вуҷуд, ба иттилои артиши Украина, оташбас як дафъа дар ҷануби Донетск назди шаҳраки Уживка ва як дафъа дар ҷанубуғарби Донетск дар атрофи Новомихайливка вайрон шуд. Дар паи истифодаи силоҳҳои сабук, норинҷак ва силоҳҳои қавӣ ҳеҷ хисороте гузориш нашудааст. Низомиёни украинӣ гуфтанд, ки муқаррароти оташбасро риоя мекунанд. Ҷудоиталабон дар Донетск иттиҳомоти Киевро рад карданд ва гуфтанд, ки қоидаи оташбасро ҷиддан риоя мекунанд. Аз замони шурӯи ҷангҳо дар шарқи Украина дар соли 2014 беш аз 20 талоши ҷорӣ кардани оташбас анҷом гирифт. То кунун дар ин ҷангҳо 13,200 нафар кушта шудааст.