С.Муҳриддин: "Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон аст"

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Вазири хориҷа давлати Чинро як “шарики муҳими сиёсию иқтисодии Тоҷикистон” номид ва гуфт, ки миёни Душанбеву Пекин “ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад”. Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 27 июл дар Душанбе дар нишасти матбуоти нимсолаи ниҳодаш сӯҳбат мекард, гуфт, матлаби баҳсбарангези ахиран дар матбуоти чинӣ чопшуда дар бораи ба ихтиёри Чин гузаштани қаламравҳое аз Тоҷикистон “фикри шахсии муаллиф аст”. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар як хабаре вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки нашри матлабе аз як таърихшиноси чиниро, ки дар бораи қаламравҳои гузаштаву имрӯзаи Чин баҳс мекунад, “иғвоангез” буда, дар ин бора ба сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин ҳам изҳори назар шудааст. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ин мавқеи двлати Чин нест.

Пойгоҳҳои хабарии чинӣ муддати охир мақолаеро бо номи "Тоҷикистон бо хоҳиши худ ҳудуди Чинро баргардонд ва суфакӯҳи гумшудаи Помир ба соҳибаш баргашт" нашр мекунад, ки дар он дар мавзӯи заминҳои ба Чин додаи Тоҷикистон хабар дода мешавад. Дар ин матлаб бо такя ба маъхазҳои таърихии Чин ва бе нигоҳе ба сарчашмаҳои таърихии дигар, аз ҷумла муаррихони тоҷик, муаллиф Чу Йао Лу гуфтааст, "минтақаи Помир тӯли 128 сол аз ҷуғрофиёи Чин берун афтода буд" ва соли 2011 - 1158 километри квадратӣ қаламрав ба Чин баргардонида шуд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, 1100 километри квадратӣ дар натиҷаи "ғалабаи дипломатӣ" ба Чин дода шуд. Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо журналистон дар Душанбе дар заминаи баҳси атрофи ҳаҷми қаламравҳои дар ихтиёри Чин вогузоршуда чизе нагуфт, танҳо таъкид кард, ки мақомоти чинӣ ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиб иқдом хоҳанд кард. Тасмими мақомоти тоҷик барои ба Чин додани бахше аз қаламравҳо мавриди интиқоди зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.