Аз Русия ҳашт ҳазор муҳоҷир ва беш аз 200 тобути тоҷиконро овардаанд

Акс аз соли 2019

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар давраи пандемияи коронавируси нав ҳашт ҳазор нафарро аз Русия ба ватан баргардонданд. Дар ин миён, ба гуфтаи онҳо, тобути беш аз 200 шаҳрванди кишвар низ аз Русия оварда шудааст. Дар бораи сабабҳои марги муҳоҷирон шарҳе надоданд. Дастикам панҷоҳ тобутит муҳоҷиронро моҳи июн як соҳибкори тоҷик ба воситаи роҳи заминӣ ба кишвар фиристода буд.

Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳоро куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон мегӯянд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, аз имрӯз парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ барои овардани муҳоҷирон аз Русия афзоиш меёбад.

Ӯ гуфт, агар то ин вақт дар як ҳафта даҳ парвози чартерии ҳавопаймоҳо анҷом мешуд, акнун иҷозат шудааст, ки ҳафтае 14 парвоз сурат гирад.

Садҳо муҳоҷири тоҷик худро дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия сабт карданд, то ба воситаи парвозҳои чартерӣ ба ватан бирасанд. Онҳо мегӯянд, дар давраи пандемияи коронавируси нав баъзе аз ширкату корхонаҳо дар Русия аз фаъолият мондаанд ва аз бекорӣ азият мекашанд.

Аммо як нигаронии ҷиддии муҳоҷирон аз он аст, ки ба парвозҳои чартерӣ на ҳамаи хоҳишмандон роҳ меёбанд ва нархи билетҳо низ, ба гуфтаи онҳо, "хеле гарон аст". Мақомот мегӯянд, арзиши билетҳоро ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян мекунанд, вале ҳамзамон бовар доранд, нарх ба он ҳадде нест, ки муҳоҷирон мегӯянд.

Илова ба ин гуруҳе аз муҳоҷирон дар марзи Қазоқистону Узбекистон ва сарҳади Русияву Қазоқистон мунтазир нишастаанд, то худро бо роҳи заминӣ ба кишвар бирасонанд. Вазири умури хориҷӣ мегӯяд, ҳамарӯза иттилоъ дар бораи муҳоҷирони ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо бемории ҳамагир пешкаш мекунад. "Маълум мекунем, киҳо дар куҷо дармондаанд ва чӣ мушкил доранд ва намояндагиҳои мо чӣ корҳо карда истодаанд", - афзуд ӯ.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта онҳо ба кишвар ба воситаи бонкҳо тақрибан 2,6 миллиард доллар фиристода буданд, аммо имсол буҳрони коронавирус ба кору даромади онҳо зарба зад ва интиқоли пул аз Русияро ба Тоҷикистон ба таври чашмрас кам кард.