UNAMA ё Ҳайати СММ дар Афғонистон дар гузориши тозае рӯзи 27 июл гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 дар ин кишвар 1282 сокини мулкӣ кушта шуда, 2176 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни қурбониҳо 340 нафарашон кӯдак буда, шумори атфоли маҷрӯҳшуда 727 нафарро ташкил медиҳад. Дебора Лайонс, намояндаи вижаи дабири кулли СММ барои Афғонистон гуфт, “дар ҳоле, ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон як имконияти таърихӣ доранд, ки ба ҳам омада як музокироти сулҳ барпо кунанд, воқеияти фоҷеабор ин аст, ки ҷангҳои ҳамарӯза ба мардуми мулкӣ осеби ваҳшатнок мерасонанд”. Гузориш мегӯяд, дар 58 дарсади ҳолатҳои талафоти афроди мулкӣ Толибону гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва дар 23 дарсади ҳолатҳо нирӯҳои рӯ ба ҳукумат гунаҳгор ҳастанд. Ин омор дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳарчанд 13 дарсади камтар аст, вале бо ин вуҷуд хеле зиёд мебошад.