"Брешно", ширкати таъминкунандаи нирӯи барқ дар Афғонистон, эълон кард, ки Тоҷикистон содироти нирӯи барқро ба кишвари ҳамсоя 90 дарсад кам кардааст. Ширкат рӯзи 27-уми июл гуфт, агар Тоҷикистон пештар ба Афғонистон 450 мегават барқ медод, ҳоло онро ба сатҳи 40 мегават поин овард. "Брешно" вазъиятро "ба кам шудани об дар Тоҷикистон" рабт дод. Бино бар ин, ширкат гуфтааст, то замони ёфтани манобеи дигар Кобул ва вилоятҳои дигар бо навбат барқ дарёфт хоҳанд кард. Дар вилояти Кобул, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Пактико, Парвон, Панҷшер, Каписо ва Бағлон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекарданд. Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ҳоло барои гирифтани 450 мегават барқ аз Узбекистон талош доранд.