Замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми августи имсол мушаххас хоҳад шуд. Ин тасмимро аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон дар нишасти якҷоя мегиранд. Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешавад. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст. Созмонҳои байнулмилалӣ интихоботҳои гузаштаро шаффофу демократӣ эътироф накардаанд ва мухолифон рақибони Раҳмонро воқеӣ надонистаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи имсол гуфта мешаванд, вале падару писар ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар корзори сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд. Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад.