Нишасти хабарии вазир низ рӯшание ба вазъи COVID-19 наовард

Нишасти хабарии вазири тандурустии Тоҷикистон, Душанбе, 24 июли соли 2020

Дар пасманзари норӯшаниҳои марбут ба пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон интизориҳо аз мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо хабарнигорон беш аз ҳад буд. Вале бахше аз онҳо дар поёни нишаст гуфтанд, ба пурсишҳои худ посух наёфтаанд.

Вазири тандурустӣ вақти бештари нишастро ба хондани варақаи матбуотӣ сарф кард ва эъломияи ӯ, ки “фавти табибон дар раванди табобат сабт нашудаст", суолҳои бештарро ба миён овард. Ҳам ҳисобот ва ҳам посухҳои Ҷамолиддин Абдуллозода нобовариҳоро ба омори марбути COVID-19 аз байн набурд.

Сироят наёфтани табибон ҳангоми табобати беморони коронавирус дар ҳоле садо дод, ки мақомоти вилоятҳо аз сироят ва фавти кормандони тиб хабар додаанд. Вале вазир аз печидагие истифода кард, ки ҳамаи омори марбут ба пандемияро зери суол мебарад. Яъне зери унвони "илтиҳоби шуш" ташхис шудани аксарияти беморон.

Посухҳое, ки суолҳоро бештар кард

Миралӣ Раҷабов, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта гуфт, ки зиёда аз 300 корманди соҳаи тандурустии вилоят гирифтори илтиҳоби шуш шудаанд ва 26 нафари онҳо фавтидаанд.

Искандаршоҳ Мирзоев, муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт: “Аз байни онҳо ташхиси ду нафар мусбат буд ва дигарон аз илтиҳоби шуш фавтиданд. То тест мусбат нишон надиҳад, мо онро коронавирус гуфта наметавонем."

Як рӯз пас аз ин, 21 июл, Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, марги 3 табиби суғдӣ аз бемории COVID-19 расман сабт шудааст. Наздикони бархе аз пизишкони фавтида гуфтанд, онҳо бештар гирифторони коронавируси навро табобат мекарданд ва зоҳиран бемории ҳамагир ба онҳо сироят кардааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯзи 10 июн бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ гуфт, аз замони паҳншавии бемории ҳамагир 1701 корманди тиббии Тоҷикистон (619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат) ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Сабаби асосӣ "камбуди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ, ба вижа дар рӯзҳои аввали паҳншавии беморӣ" гуфта шуд. ​

Вале вазири тандурустии Тоҷикистон акнун мегӯяд: “фавти табибон дар раванди табобат бо бемороне, ки табобат мегирифтанд, сабт нашудаст. Аммо ҳолатҳое, ки духтурон дар хона ё кӯча сироят ёфта, бо оризаҳо бистарӣ шуданд, буд”.

Илтиҳоби шуш буд, аммо намегуфтанд?

Ҷамолиддин Абдуллозода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи гуногунии омор гуфт танҳо рақамҳои пешниҳодкардаи ин ниҳод дуруст аст. Вай афзуд: «солҳои пеш бемории пневмония ба қайд гирифта мешуд, аммо дар расонаҳои интернетӣ нашр намекарданд. Аммо вақте дар давраи пандемияи коронавирус ки дар тамоми дунё ин вазъ ҳаст, фавте ки аз пневмония дар беморхона мешавад ҳатман дар сайтҳои интернетӣ расонаӣ мешавад. Ин чиз боиси нодуруст ҳисоб кардани оморҳои вазорати тандурустӣ мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо ки беморон дар ин ё он беморхона мефавтанд, дар ҳамин марҳила тамоми хешутабор ва ҳамсояи онҳо инро ба ин беморӣ рабт медиҳанд. Сабаби асосии беморонро табибон дар вақти таҳлили таърихи беморӣ хулоса мекунанд».

Таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ки мақомот бо ду сабаб аз ироаи омори воқеӣ худдорӣ мекунанд. Агар омили якум тарс аз таҳлукаи мардум бошад, ки метавонад вазъи иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодиро душвортар созад, омили дуюм ин аст мақомот ҳарос доранд, ки ин чиз ба нуфузу обрӯи ҳукумат таъсири манфӣ мегузорад. Чун ҳолатеро пеш меорад, ки мумкин аст, мардум онҳоро дар бадшавии вазъият гунаҳкор донанд. Ӯ афзуд: “Гап дар он аст, ки рақамҳои воқеиро аз ҷомеа пинҳон карда намешавад. Пинҳонкорӣ ба фоидаи ҳукумат нест, бояд андозаи муайян дошта бошад”.

Ҳамагирии коронавирус Вазорати тандурустии Тоҷикистонро ба як ниҳоди зери заррабини мардум табдил додааст. Хабарнигорон ҳам барои дарёфти маълумот пайваста ба вазорат муроҷиат мекунанд. Ҷудо шудани ҳамагӣ ним соат барои посух ба суолҳо норозигии журналистонро ба бор овард.

Аммо вазир дар интиҳои нишаст гуфт, хабарнигорон метавонанд ба ҳама суолҳои худ аз дафтари матуботии вазорат посух гиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ҷо аввал номаи расмӣ мехоҳанд. Чунин номаҳои Радиои Озодӣ чанд моҳ ба ин сӯ бепосух мондаанд.

Нишасти хабарии вазири тандурустии Тоҷикистон, Душанбе, 24 июли соли 2020

Радиои Озодӣ ин нишастро дар сафҳаи фейсбукияш ба таври ҳамонзамонӣ нашр намуд: