Помпео ҷаҳони озодро ба рӯёрӯӣ бо Чин даъват кард

Вазири корҳои хориҷии ИМА Майк Помпео

Вазири корҳои хориҷии ИМА Майк Помпео аз кишварҳои ҳампаймони Амрико даъват кард, ки зидди орзуҳои ҷаҳонии "гегемонӣ" -и Ҳизби коммунисти Чин истодагарӣ кунанд ва гуфта, ки Иёлоти Муттаҳида “дигар наметавонад фарқҳои бунёдии сиёсиву ақидавии миёни кишварҳоямонро нодида гирад." Помпео рӯзи 23 июл дар як суханронӣ дар бораи мақсадҳои нав дар Чин гуфт, ки набояд бо Чин мисли "як кишвари одӣ, чун ҳар кишвари дигаре" рафтор кард. Помпео дар Китобхонаи Никсон дар зодгоҳи президенд Ричард Никсон дар Йорба Линдаи Калифорния гуфт: "Мо, миллатҳои озоди ҷаҳон, бояд дар рафтори Ҳизби коммунистии Чин дигаргуниеро ба таври эҷодӣ ва боварибахш пеш барем, чун амалҳои Пекин ба мардуми мо ва шукуфоии мо таҳдид мекунанд". Никсон аз солҳои 1969-74 президент буд ва муносибатҳои дипломатии ИМА-ро бо Чини коммунистӣ соли 1979 ба роҳ монд. Помпео гуфт, ки "даҳсолаҳои ҳамкорӣ бо умеди пешрафт дар ҳамкорӣ ва бештар демократӣ шудани Чин" натиҷа надодааст. “Шеваи куҳнаи ҳамкории кӯр-кӯрона бо Чин ноком шуд. Мо набояд онро давом диҳем,” гуфт Помпео. "Ҷаҳони озод бояд ба ин ситами нав пирӯз шавад." Суханронии Помпео пас аз ду рӯзи фармони ИМА дар бораи баста шудани консулгарии Чин дар Ҳюстон, садо дод ва шиддатро дар байни ду кишвар афзун кард.