Баъди истироҳат дар клуби мусиқии Прага 68 нафар ба коронавирус гирифтор шуд

Як клуби мусиқӣ дар Аврупо

Мақомоти беҳдошти Чехия гуфтанд, ки дар як шабнишинии клуби тафреҳӣ дар шаҳри Прага 68 нафар, аз ҷумла даҳҳо футболбози маҳаллӣ ба коронавирус гирифтор шуданд. Дар Ҷумҳурии Чех то имрӯз 14324 ҳолати олудагӣ ва 360 ҳолати марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ин омор дар қиёс бо кишварҳои дигари аврупоӣ кам аст, вале ҳафтаҳои охир дар Чехия афзоиши якбораи ҳолатҳои олудашавӣ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд Хадамоти беҳдошти Чехия исми клубҳои варзиширо, ки аъзояш ба коронавирус гирифтор шудаанд, номбар накард, клубҳои футболи «Спарта Прага», «Богемиан 1905» ва «Дукла Прага» гуфтанд, ки дар ҳайати захиравиву ҷавонони ин клубҳо ҳолатҳои олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Мудири тими Black Angels Томас Янечек ба оҷонсии хабарии Reuters гуфт, ки бархе бозигарони ин клуб ҳам дар ин шабнишинӣ иштирок карданд ва як ҳафта баъд бархе бозигарон гуфтанд, ки ба коронавирус олуда шудаанд.

Шабнишинӣ дар клуби тафреҳӣ 11 июл баргузор шуд ва баъди он нахуст тести озмоишии 15 нафар вуҷуди вирусро тасдиқ кард. Таҳқиқи эпидемиологии баъдӣ нишон дод, ки 37 нафари ҳамон шаб дар клуб қарордошта ҳам ба вирус олуда шуданд. Дар маҷмӯъ ҳамроҳ бо хешовандону дӯстони олудашудаҳо ҳоло 121 нафар ба карантин гирифта шуданд.

Клуби тафреҳии Techtle Mechtle ба Reuters гуфт, ки дар миёни кормандони ин муассиса ҳеҷ як ҳолати гирифторӣ ба вирус вуҷуд надорад