Арманистон Озарбойҷонро дар ҳамлаҳои нав гунаҳгор кард

Даргирӣ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон

Низомиёни Арманистон гуфтанд, нирӯҳои Озарбойҷон яке аз мавқеъҳои ин кишварро дар марзи вилояти Товуш ҳадаф қарор доданд.

Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон шоми 21 июл гуфт, ки дар натиҷаи посухи нирӯҳои арманӣ як воҳиди низомии Озарбойҷон хисороти ҷиддӣ дид. Степанян гуфт, ки нирӯҳои арманӣ осебе надиданд, дар ҳоле, ки, ба иддаои ӯ, дар натиҷаи талоши ҳамла, бархе сарбозон "ба дом афтоданд".

Ин иддаоҳоро вазири дифои Озарбойҷон рад кард. Вагиф Даргоҳлӣ, сухангӯи вазорат гуфт, ки "ҳамлаҳои нав ва ҳеҷ талафоти нав ҷой надошт". Ӯ гуфт, ки изҳороти ҷониби Арманистон "як хабари дурӯғин аст". Дар ҳодисаҳои ахири марзӣ, ки 12 июл шурӯъ шуда то 16 июл идома кард, 12 сарбози озарбойҷонӣ ва чор низомии арманӣ ҷон доданд.

Арманистону Озарбойҷон дар охири солҳои 1980 ва оғози 1990-ум, ки ба замони эълони истиқлолияти кишварҳо рост омад, бо ҳам вориди як даргирии хунин шуданд. Дар ин ҷанг 30 ҳазор нафар кушта шуд.