Вазорат сӯхтор дар бозори "Деҳқон"-ро шарҳ дод

Назди бозори "Деҳқон". Субҳи 22 июли соли 2020.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳаҷми зарари расида аз оташсӯзӣ дар бозори "Деҳқон", воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба "Гимрозем"-и шаҳри Душанберо 35 ҳазор сомонӣ муайян кард. Сӯхтор дар ин бозор нимашабии 22-июл сар зад.

Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки шумораи зиёди одамон дар берун аз даромадгоҳи бозор ҷамъ шудаанд. Дар ин наворҳо ҳамчунин дида мешавад, ки оташ дар дохили бозор аланга мезанад ва дуд ба ҳаво мепечад.

Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри як хабар гуфт, сӯхтор масоҳати 134 метри мураббаъро фаро гирифта, дар натиҷа 16 нуқтаи савдо пурра ва 8 дӯкони дигар қисман ба коми оташ рафтааст. "Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии яхдон дар нуқтаи савдои №42 мансуб ба соҳибкори инфиродӣ Дилшод Идиев сокини шаҳри Душанбе мебошад",-гуфтааст ин вазорат.

Мақомот мегуянд, ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор молу амволи фурӯш ва биноҳои ҳамшафат аз коми оташ наҷот дода шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 15 миллион сомонӣ аст.

Бозори "Деҳқон" аз калонтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мардум ва тоҷирон аз он ҷо маҳсулоти мавриди ниёзро аз дасти аввал ва бо нархи арзонтар аз дигар бозорҳо мехаранд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"-и шаҳри Душанберо мақомот дар моҳи июни соли 2018, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ" номида буданд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли 2017 "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори "Ҳоҷӣ Шариф", ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд. Аммо моҳи августи соли гузашта як қисмати яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд, ки мақомот баръакси сӯхторҳои дигар соҳиби ин анборро дар қасдан оташ задан боздошт намуда буданд.