Қазияи гаравгонгирии автобусе дар ғарби Украина рӯзи 21 июл бо ҷалби полис ва иҷрои як шарти гаравгонгир аз ҷониби президент Владимир Зеленский, бидуни хисорот анҷомид. Полис марди 44-соларо боздошт кард, ки ӯро мақомоти интизомӣ бо номи Максим Кривош, як “ҷонибдори ақидаҳои ифротӣ” муаррифӣ карданд. Вазири дохилӣ Арсен Аваков гуфт, ки Кривош бо силоҳу норинҷакҳо мусаллаҳ буд ва тамоми ҷараёни муқовимати ӯ бо нирӯҳои интизомӣ 12 соат идома кард. Дар натиҷа, нирӯҳои вижаи интизомӣ автобусро муҳосира карда баъди таркиши норинҷаке дар назди автобус ва дуде, ки атрофи онро иҳота кард, тавонистанд тахминан соатҳои 9:30-и шом гаравгонҳоро озод кунанд. Мақомот гуфтанд, ки Кривош ду дафъа пеш аз ин дар содир кардани ҷиноят маҳкум шудааст. Полис гуфт, ки ба ҳангоми музокира “алайҳи низом” сӯҳбат кард, сарватмандону мақомоти маҳаллиро “террорист” номид ва талаб кард, ки мардум филми ҳуҷҷатии “Заминиҳо”-и сохтаи соли 2005-ро тамошо кунанд, ки дар бораи азиятҳои ҷонварон дар озмоишгоҳҳои илмӣ баҳс мекунад.
Дар посух Зеленский дар Фейсбук пораи видеои филмро пахш кард ва машварат дод, ки мардум онро тамошо кунанд. Матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки Кривош хабарҳо дар бораи гаравгон гирифтани инсоҳоро тавассути смартфонаш пайгирӣ мекард. Баъди боздошти Кривош Зеленский видеоро ҳазф кард.
Зеленский гуфт, ки бо Кривош тахминан 7 то 10 дақиқа сӯҳбат кард ва ӯро водор намуд, ки се гаравгон, аз ҷумла, як зани бордорро озод кунад. Танҳо баъди ин Зеленский розӣ шуд, ки видеоро нашр кунад.
Зеленский дар ҷараёни ин ҳодиса гуфт:
“Вазъиятро мутахассисон ҳал мекунанд. Онҳо тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд, то ки гаравгонҳо озод шаванд. Ман дар бораи он чи ки мегузарад, дарки комил дорам. Вале азбаски ҳамин ҳоло муколама бо шахси шаҳрвандони украиниро багаравгирифта идома дорад, ман ҷузъиёти бештар дода наметавонам. Умедворам, ки шумо маро дарк мекунед”.
Баъди он ки қазияи гаравгонгирӣ анҷом шуд, Зеленский гуфт, “ман ҳамаи онҳоеро, ки барои озод кардани мардуми Лутск ва ҷони онҳо мубориза бурданд, табрик мекунам”.
Раиси полиси вилоятӣ Юрий Крошко гуфт, ки Кривош ба полис гуфт, ки бо шумори зиёди силоҳ мусаллаҳ шудааст. Ӯ инчунин иддао кард, ки дар нуқтаи дигари шаҳр як бомбаро ҷойгузорӣ карда онро метавонад ба таври фосилавӣ битарконад. СБУ акси Крившро нашр кард ва дар он дида мешавад, ки ӯ аз ҷониби ходимони амниятӣ боздошт шудааст. Аваков гуфт, ки дар шаҳри Харков як шарики ӯро дастгир карданд.