Даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Хабаровски Русия рӯзи 18-уми июл ба нишони эътироз аз боздошти Сергей Фугал губернатори Кишвари Хабаровск раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳуроти онҳо, ки нишони сарпечӣ аз ҳукумати Русия ба ҳисоб меравад, дар майдони марказии Хабаровск сурат гирифт. Онҳо мехоҳанд, Сергей Фугал аз боздошт раҳо шавад.
Бино ба гузоришҳо дар раҳпаймоии панҷсоата аз 15 то 50 ҳазор нафар ширкат доштаанд, аммо мақомоти расмӣ оморе дар ин бора нашр накардаанд. Фугали 50-сола, ки рӯзи 9-уми июл дар Хабаровск дастгир шуд, ба дастур додани қатли ду нафар дар солҳои 2004-2005 муттаҳам мешавад. Ӯро айни замон дар боздоштгоҳе дар Маскав нигаҳ медоранд.
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 15-уми июл шикоят аз ҳукми боздоштро беасос донист. Ӯ худро бегуноҳ мешуморад ва тазоҳургарон гуфтаанд, чаро Фугалро баъд аз 15 соли ин ҷиноятҳо боздошт кардаанд. Сиёсатмадори рус узви Ҳизби Либерал Демократии Русия ба раҳбарии Владимир Жириновский аст ва тарафдоронаш гуфтаанд, парвандаи ҷиноӣ ангезаҳои сиёсӣ дорад.