Байден мегӯяд, Русия ба раванди интихоботи ИМА дахолат мекунад

Ҷо Байден, номзад ба мақоми президентии ИМА

Ҷо Байден, номзад ба мақоми президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, мақомоти иктишофии кишвар дар ҷалассаҳои вижа ба ӯ иттилоъ додаанд, ки Русия дахолат ба раванди интихобот дар Амрикоро давом медиҳад.

Ӯ рӯзи 17-уми июл гуфт, ки пештар дар ин бора медонист, вале ҳоло огоҳии бештар дарёфт кардааст, ки ҳанӯз русҳо аз дахолат ба интихоботи президентии Амрико даст накашидаанд.

Ҷо Байден, ноиб-президенти пешини Амрико, яке аз даъвогарони курсии президентии ИМА аз Ҳизби демократҳо аст. Ӯ рақиби аслии Доналд Трамп, президенти кунунӣ дар интихоботи тирамоҳи имсол аст.

Агар Байден пирӯз шавад, 20-уми январи соли 2021 ҳамчун президенти Амрико ба кор оғоз хоҳад кард.

Маъмулан, номзадҳо ба интихоботи президентӣ дар Амрико машвартҳои амниятӣ мегиранд.

Мухолифони Доналд Трамп дар Амрико бар ин боваранд, ки дар интихоботи гузашта Русия дахолат кард ва интихобот ба фоидаи Трамп ҳал шуд. Трамп борҳо ин иддаоро рад кардааст.