Вазорати маориф ва илм мегӯяд, дарси донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо рӯзи 17-уми август оғоз мешавад. Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф рӯзи 17-уми июл гуфт, Рӯзи дониш ва оғози таҳсили донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо як моҳ баъд -- рӯзи 17-уми август тайин шудааст.
Таҳсил дар донишгоҳҳо ва мактабҳои Тоҷикистон аз рӯи тартиб 1-уми сентябр оғоз мешавад. Аммо Вазири маориф мегӯяд, ба хотири онки донишҷӯён ва хонандагон барвақтар ба таътили ғайринавбатӣ рафта аз ҷараёни таҳсил дур шуданд, ду ҳафтаи аввал "давраи мутобиқшавӣ"-ро мегузаранд.
Мақомоти Тоҷикистон аз 27-уми апрели имсол, баъд аз танқидҳои зиёди мардум, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 хонандагони мактабҳоро то моҳи август ба таътили иҷборӣ фиристоданд.
Ба масъулони мактабҳо дастур шуд, ки баҳои хониши солонаи онҳоро аз рӯйи баҳои се чаҳоряки таҳсил гузоранд
Соли ҷорӣ макотиби Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва беш аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм карданд.