Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон барканор карда шуд

Элмар Маммадёров, собиқ вазири умури хориҷии Озарбойҷон

Дар пасманзари тавсеаи низоъ бо Арманистон президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев вазири корҳои хориҷии кишвар Элмар Маммадёровро, ки дарозмуддат дар ин вазифа кор кардааст, аз мақомаш сабукдӯш кард. Ба ҷои ӯ ба ин мақом Ҷайҳун Байрамов таъин шуд. Қарори рӯзи 16 июл як рӯз баъди он содир шуд, ки дар як ҷаласаи ҳукумат президент Мамадёровро барои бархӯрди “заъиф” дар робита бо низои мусаллаҳона дар марзи Озарбойҷону Арманистон дар таърихи 12 июл интиқод кард. Алиев гуфт: “Ба назари ман, фаъолиятҳои дипломатии мо бояд муассиртар бошад. Ман борҳо гуфтаам, ки дипломатияи мо бояд таҳоҷумӣ бошад, на мунфаил ё дифоӣ. Дипломатия набояд аз сӯҳбат кардан битарсад”. Маммадёров шурӯъ аз соли 2004 дар ин кишвари ғанӣ аз нафт дар мақоми вазири хориҷа кор кардааст. Байрамов пеш аз таъинаш ба вазифаи вазири хориҷа дар мақоми вазири маориф кор кардааст.