Рэпсаро Кане Уэст асноди лозимиро барои сабти номи номзадияш ба мақоми президентии ИМА дар интихоботи соли равон пешниҳод кард.
Ба иттилои хабаргузории Associated Press, ӯ ҳамчунин маблағи лозимӣ барои қайди номзадиро дар ҳаҷми 35 ҳазор доллар пардохтааст. Уэст аснодашро 15 июл, рӯзи охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба комиссияи иёлати Оклаҳома ироа намудааст.
Бар асоси асноди ироашуда, Кане Уэст номзадии худро аз сӯи кумитаи "Кане-2020" пешниҳод кардааст. Вай пештар гуфта буд, ки номзадиашро аз номи ягон ҳизб пешниҳод нахоҳад кард, зеро тасмим дорад, ҳизби худашро бо номи "The Birthday Party" (Ҳизби зодрӯз) таъсис диҳад. Дар шарҳи номи ҳизбаш гуфт, "вақте мо пирӯз шавем, ин ба он маъност, ки ҳама зодрӯз доранд".
Кане Уэст дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ дар интихоботи навбатии ИМА дар Твиттер хабар дод. Ин навиштаи ӯ 4 июл - Рӯзи истиқлоли Амрико нашр шуд ва дар давоми чанд соат садҳо нафар онро писандиданд ва бознашр карданд.