Дар Хатлон 20 корманди бахши маориф аз "илтиҳоби шуш" фавтидаанд

Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи Хатлон.

Мақомот дар Хатлон мегӯянд, ки дар чанд моҳи ахир 20 корманди соҳаи маориф фавтидаанд, ки аксари онҳо омӯзгорон мебошанд. Диловар Исозода, сардори Раёсати маорифи Хатлон рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин кормандони бахши маориф аз бемории "илтиҳоби шуш" даргузаштаанд.

Ба гуфтаи оқои Исозода, ин омор дар ихтиёри ин ниҳод аз сӯи шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гузошта шуд ва бемории афроди фавтидаро илтиҳоби шуш ва коронавирус гуфтанд.

Ин масъули Раёсати маорифи Хатлон айни замон гуфт, ки ба хонаводаҳои ин афрод аз тарафи иттифоқи касабаи маориф кӯмаки молӣ ва ғизоӣ расонида шуд. Вале ӯ дар бораи ҳаҷми маблағи кӯмакшуда ба ин афрод маълумоте надод.

Аз ин қабл мақомот дар Хатлон гуфта буданд, ки дар ин вилоят бар асари бемории фарогири ахир беш аз 20 корманди арсаи беҳдошт ҷон бохтаанд.