Ба зудӣ афзоиши истеҳсоли нафтро дар ҷаҳон баррасӣ мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Кишварҳои содиркунандаи нафт ин ҳафта дар бораи афзоиши истеҳсоли "тилои сиёҳ" бо ҳам гуфтугӯ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки дида мешавад тақозо ба нафт дар ҷаҳон ба сатҳи пеш аз паҳншавии коронавируси нав баргаштааст. Рӯзномаи The Wall Street Journal ва Bloomberg гузориш доданд, ки тавлидкунандагони умдаи нафт чун Арабистони Саудӣ ва кишварҳои содиркунандаи умдаи дигаре чун Русия, ки узви созмони ОПЕК нест, қарор аст, дар нишасти онлайн рӯзи чаҳоршанбеи оянда дар бораи тавлидоти кунунӣ ва ояндаи созмон суҳбат кунанд. Арзиши нафт, ки дар авҷи паҳншавии коронавируси нав бисёр коҳиш ёфт, баъд аз кам шудани тавлидот дар ин авохир дубора устувор гардид.