Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 11-уми июл ҳангоми боздид аз як шифохона бори аввал ниқоби тиббӣ пӯшид. Вай дар шифохона аз ҳоли сарбозони маҷруҳ ва шахсоне, ки аз бемории COVID-19 муолиҷа мегиранд, хабар гирифт. Қаблан Трампро барои он танқид карда буданд, ки ҳангоми дидор бо мақомҳои Кохи Сафед ва рафтан ба маконҳои умумӣ ниқоби тиббӣ намепӯшад. Раиси ҷумҳури Амрико дар дидораш аз шифохонаи низомии Мэриленд рӯзи шанбе гуфт, ҳеч гоҳ бо пӯшидани ниқоб мухолиф набудааст. Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз 3 миллиону 240 ҳазор кас дар Амрико ба коронавируси нав мубтало шудаанд.