Қазоқистон авҷи "пневмонияи ношинос"-ро рад кард. Манбаи хабар сафорати Чин буд

Як мурдахонаи Алмаато, Қазоқистон

Вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи 10 июл гуфт, ки хабари “дар бархе матбуоти чинӣ паҳншуда” дар бораи он ки дар кишвар ҳодисаҳои олудагӣ ба пневмонияи ношинос ва маргбортар назар ба коронавирус” пайдо шудааст, ҳақиқат надорад. Дар асл хабари ошкор шудани “пневноманияи ношиносе” аввал дар сайти сафорати Чин дар Қазоқистон нашр шуд. Радиои Азаттиқ - бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар хабари сафорат шаҳрвандони Чин огоҳонида шуданд, ки дар Қазоқистон афзоиши бемории пневмония мушоҳида мешавад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Қазоқистон 1772 нафар ва дар моҳи июн 628 нафар аз пневмония даргузашт. Дар хабари сафорат гуфта шуд, ки дар миёни фавтидаҳо шаҳрвандони Чин ҳам буданд. Сафорат гуфт, ки “марг бар асари ин беморӣ ба маротиб бештар назар ба пневмонияи коронавирусӣ будааст”. Ин хабарро худи ҳамон рӯз нашрияи South China Morning Post ҳам бознашр кард.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон рӯзи 10 июл бидуни бурдани номи сафорати Чин дар Қазоқистон гуфт, хабарро “бархе нашрияҳои чинӣ” чоп кардаанд.

Дар шарҳи мавқеи худ вазорати беҳдошт гуфт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ташхиси байналмилалии бемориҳо код ё рамзи сабти навъҳои пневмонияро ворид кард. Масалан, коронавирус дар шароити клиникӣ ё эпидемоилогӣ бо нишонаҳои “доғи рӯи шуш” тасвир ва зикр мешавад, ки дар шароити лабораторӣ тасдиқ нашудааст. Вазорат гуфт, ки Қазоқистон “назорат ва бақайдгирии ҳамин навъ пневмонияро идома медиҳад, то ки барои қабул кардани қарорҳои саривақтӣ ба хотири мӯътадил кардани вазъи беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии инфексияи коронавирусӣ мусоидат кунад”.

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон ҳолатҳои гирифторӣ ба пневмония якбора боло рафта, вале санҷиши тести COVID-19 манфӣ нишон медиҳад.