Банд мондани 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар марзи Қазоқистон

Марзи Қазоқистону Узбекистон.

Се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар гузаргоҳи марзии "Жибек Жолӣ"-и Қазоқистон дармондаанд. Дар ин бора Сакен Калкаманов, муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, бештари дармондагон шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, ки дар гузаргоҳи "Жибек Жолӣ"-и байни Қазоқистон бо Узбекистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, бештари онҳо муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки дар Қазоқистон кор мекарданд ва қасди ба хонаҳояшон баргаштанро доранд. Узбекистон ба далели нокофӣ будани марказҳои карантиниаш иҷозат намедиҳад, ки ҷамъшудаҳо аз марз гузаранд.

Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон, ҳафтаи гузашта ҷониби Узбекистон ба 200-300 кас иҷозаи убур дод. Муовини раиси вилоят афзуд, рӯзе як маротиба эҳсонкорон ва афроди хайрхоҳ ба дармондагон ғизову об мерасонанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аксу навори ҷамъшудаҳо нашр гардид, ки чи гуна рӯи замин хоб мераванд.

Узбекистон сар аз охири моҳи март ба далели паҳншавии коронавирус марзҳояшро баст. Ин кишвар ба сокинони ҳамсоякишварҳояш иҷозаи убури марзро намедиҳад.