Мардум дар Ашт беш аз 10 километр роҳро мумфарш карданд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наворро дар ин ҷо бинед

Сокинони ҷамоати Понғоз дар ноҳияи Ашт роҳи асосии мошингарди ин ҷамоатро тармим ва аз нав асфалтпӯш карданд. Роҳе, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравии собиқ бунёд ва бо гузашти солҳо вайрон шудаву равуои мардумро мушкил карда буд.

Мақомот мегӯянд, роҳи асосии ҷамоат 15 километр буда, се сол пеш се километри онро аз нав сохта буданд. Ҳоло сокинон бо кумаки худ 12 километр роҳи мондаро тармим карданд.

Тухтасун Қосимов, сокини ҷамоати Понғоз дар наворе мегӯяд, тармими роҳи валангору мушкилгузар сокинонро хушҳол кардааст. Вай гуфт, корҳои навсозиву мумфаршкунӣ аз нимаҳои моҳи июн оғоз шуда, ҳоло дар нуқтаи охиринаш аст.

Барои тармими ин роҳ, ки 12 километр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад, беш аз 4 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд. Ин миқдор маблағ аз ҳисоби сокинон, асосан афроди саховантманду муҳоҷирон ҷамъоварӣ шудааст.

Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, феълан роҳи байни деҳаҳои Понғоз, Хиштхона ва Бободархон анҷом шуда, тармим ва асфалтпӯш кардани роҳи деҳаи Саро идома дорад.

Бахтиёр Турсунзода, раиси ҷамоати Понғоз рузи 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмуъ 11 километр роҳ пурра таъмир ва мумфарш шудааст. Ӯ гуфт, барои анҷоми ин кор аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ техникаву сузишворӣ кумак шудааст.

"Инҷо мардум ба таври дастҷамъӣ маблағ ҷамъ карда, роҳро азнавсозӣ мекунанд. Ҳам афроди саховатманд, ҳам муҳоҷирон ва ҳам нафароне, ки дар хориҷ ба соҳибкорӣ машғул ҳастанд, ёрӣ карданд", -- гуфт ӯ.

Ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт аз чаҳор деҳа таркиб ёфтааст ва 32 ҳазор аҳолӣ дорад.

Дар Тоҷикистон бархе аз сокинон бо харҷи пасандозҳои шахсии худ корҳоеро ба мисли таъмири мактаб, тармиму асфалтпӯш кардани роҳ ва ё сохтмони пул ва кашидани хатти обро иҷро мекунанд, ки аслан ӯҳдадории иҷтимоии давлат аст.

Ду сол пеш як зани бознишаста дар деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт аз ҳисоби пасандозҳои шахсиаш пул сохта буд. Ин пули мошингузар, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи шаҳраки Шайдон мепайвандад, бо 40 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозҳои ин зан бунёд шуд.

Чанде аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ низ дар гузашта аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф карданд. Мунтақидон мегӯянд, ин бештар масъулияти мақомот аст, ки андози роҳро ҷамъ меоранд. Мақомот мегӯянд, корҳои хайр ихтиёрист.