Мақомот дар Узбекистон ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии дубораи коронавирус дар ин кишвари 32-миллионнафара аз нав маҳдудият ҷорӣ мекунанд. Комиссиюни вижаи ҳукуматӣ рӯзи 8 июл гуфт, ки шурӯъ аз 10 июл то 1 август дар саросари кишвар дубора карантин ҷорӣ мешавад. Даври аввали маҳдудиятҳо аз 15 июн ба ин сӯ сабуктар карда шуданд. Бар асоси иттилои ин комиссиюн, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла хатти сайрҳои байниминтақавӣ маҳдуд шуда, бозорҳо, бахусус бозорҳои маҳсулоти ғайриғизоӣ, боғҳо ва муассисаҳои тафреҳиву варзишӣ баста мешаванд.
Инчунин барпо кардани маъракаҳои оилавии мисли тӯю шабнишиниҳо манъ мешавад. Тахминан тамоми кормандони идораҳои давлатӣ аз хона истода корро идома медиҳанд ва ҷаласаҳо ба таври онлайнӣ ташкил хоҳанд шуд. Инчунин дар як вақт ҷамъ омадани беш аз 3 нафар манъ шуда, ҳаракати сокинони аз 65-сола боло маҳдуд мешавад. Мақомоти беҳдошти Узбекистон рӯзи 8 июл гуфтанд, ки шумори ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар ба 10,838 нафар расид ва талафот 41 нафар будааст.