Оғози тафтишот зидди сарони бузургтарин ширкатҳои дорусозии Қирғизистон

Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон хабар дод, ки зидди раҳбарони бузургтарин ширкатҳои дорусози ин кишвар тафтишотро оғоз кард.

Масъулони хадамот мегӯянд, дар пайи як санҷиш ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи дору ва лавозимоти тиббиро дар ин кишвар ошкор кардаанд. Санҷиш дар асоси шикояти сокинон ва ду созмон сурат гирифтааст.

"Бо қарори додгоҳ ва додситонӣ тамоми санадҳои муҳосиботии ширкатҳо мусодира мешавад. Хадамот маҷбур аст, номи ширкату дорухонаҳоеро оммавӣ кунад, ки ҳолатҳои бидуни асос боло рафтани нархи доруву лавозимоти тиббӣ дар онҳо ошкор шудааст. Мардум бояд донад, ки кӣ аз вазъи пешомадаи эпидемиологӣ сӯистифода мекунад", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Вактҳои ахир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон шикоят доранд, ки нархи дору ва лавозимоти тиббӣ дар ин кишвар боло рафтааст. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар мулоқот ба вазири тандурустии ин кишвар Собирҷон Абдикаримов дастур дод, ки ба мушкили норасоии дору ва болоравии беасоси нархҳо роҳ дода нашавад.