Дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои гирифтории нав ва бистаришавиҳои бештар дар ИМА сироятшиноси аршад дар ин кишвар гуфт, ки вазъи коронавирус ”вақеан ҳам хуб нест”. Энтони Фаучи рӯзи 6 июл гуфт, ИМА ҳанӯз дар умқи мавҷи аввали вирус аст, чун, ба фарқ аз Аврупову Осиё, ҳеҷ гоҳ ба таври ҷиддӣ хуруҷи бемориро назорат накарда иқтисодро хеле зуд боз кардааст. Президент Доналд Трамп хатари бемориро камтар нишон дода дар боз кардани иқтисод шитоб кард. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар рӯзҳои наздик шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА ба 3 миллион нафар баробар шуда, рӯзи 6 июл талафот аз 130 ҳазор нафар гузашт. Баъди ИМА кишвари Бразилия ҳам аз шадидан осебдидаҳои коронавирус мебошад. Ин ҷо талафоти инсонҳо 65,487 ва олудашудаҳо 1,6 миллион нафарро ташкил додааст. Баъди он ки бархе матбуот навишт, ки дар вазъи сиҳҳатии президенти Бразилия нишонаҳои олудагӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад, Жаир Болсонаро гуфт, ки рӯзи 6 июл озмоиши компютерии шуш ва як тести дигари коронавирусро гузаштааст. Раҳбари популисти Бразилия хатари вирусро ҷиддӣ нагирифт ва дар мазҳари ом ҳам намоишкорона аз пӯшидани ниқоб худдорӣ ва бо тарафдоронаш мулоқотҳо доир кард.
Ҳинд ҳам шоҳиди афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба вируси нав шуда, омори гирифорони наваш аз Русия пеш гузаштааст. Дар ин кишвар, ки сеюм дар ҷаҳон шуд, шумори олудашудаҳо 700 ҳазор ва марги инсонҳо 20 ҳазор нафарро ташкил додааст. Вале боз ҳам бовар меравад, ки дар ин кишваре бо 1,3 миллиард ҷамъият омори воқеии олудашавиҳову талафот бештар буда метавонад.