Эннио Морриконе - муаллифи мусиқии филми "Спрут" даргузашт

Соли 2016 Эннио Марриконе дуюм ҷоизаи "Оскар"-и худро ба даст овард

Дар шаҳри Рум дар синни 91-солагӣ оҳангсози маъруфи синамоӣ Эннио Морриконе даргузашт. Ба иттилои нашрияи итолиёии "Мессаҷеро", чанд рӯз пеш аз марг Марриконе бо устухони шикастаи қисмати болои по дар як беморхонаи Рум бистарӣ шуд.

Ӯ дар соли 1928 дар Рум чашм ба дунё кушода, консерваторияи Санта-Сесилияро дар пойтахти Итолиё хатм кардааст. Ба оҳангсозии касбӣ аз 33-солагӣ шурӯъ кардааст. Мусиқии ӯ бештар тавассути филмҳои амрикоиву итолиёӣ ба дили шунавандааш роҳ ёфтааст. Дар давоми умраш ӯ барои беш аз 500 филму сериалҳо мусиқӣ эҷод карда, ду дафъа барандаи ҷоизаи «Оскар» ва се дафъа барандаи «Глобуси тиллоӣ» шудааст.

Барои тамошобинони филмҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон оҳангҳои Марриконе аз рӯи филмҳои маъруфи «Профессионал», «Спрут», «72 метр» ва дигарҳо хуб ошно аст.